Дар зарфи 65 сол факултети сохтмон ва меъмории ДТТ беш аз 15 ҳазор муҳандис-сохтмончӣ ва меъмор омода намудааст
ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 65 соли фаъолият факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зиёда аз 12 000 муҳандис–сохтмончӣ ва қариб 3 000 меъмор тайёр намудааст. Дар ин давра факултет тавонист зиёда аз