Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кадрҳои баландпояи соҳаи саноати миллӣ тарбия менамояд

Август 4, 2022 13:21

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи «Парки инноватсионию технологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон» имрӯзҳо корҳои илмиву тадқиқотӣ гузаронида, коргоҳи хурди истеҳсоли сангҳои ороишии кошинҳо ташкил намуда, фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дорад. Инчунин дар муассиса фаъолияти коргоҳи хурди истеҳсолии сафолакҳои бетонӣ арзи ҳастӣ дорад, чунин иброз намуд ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба зикри ҳамсуҳбат, 21 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон карданд.

Роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз корхонаҳои бузурги саноатии истихроҷкунандаи маъдани ҷумҳурӣ ва берун аз он дидан намуда, дар назди беш аз 10-тои он филиали кафедраҳои геология ва корҳои нафту газ, металлургия, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, технологияҳои мошинсозӣ, экология, иқтисодиёт ва идоракунӣ, ташкили ҳамлу нақл, барқтаъминкунӣ ва амсоли онро созмон дод, ки дар ҳамгироии илм ва истеҳсолот нақши муассир мебозанд. Тавассути корхонаҳои бузурги соҳа- КМ «Зарафшон», ҶДММ «Апрелевка», КМ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой», Шахтаи Фон-Яғноб, Заринк, Талко ва амсоли он равандҳои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пеш аз хатмро тақвият дода, таъсиси озмоишгоҳҳои соҳавиро дар назди кафедраҳо барои донишҷӯён, магистрон, докторантон ва устодон роҳандозӣ намудааст.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар 16 соли фаъолият аз як муассисаи кӯчак ба таълимгоҳи калон мубаддал гашта, сол ба сол инфрасохтори он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон ва заминаи моддиву техникии он инкишоф ёфта истодааст.

Дар соли хониши 2021-2022 раёсат ва ҳайати кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом доданд.

Дар ин замина иҷозатнома барои таълими ихтисосҳои нав барои солҳои таҳсили 2022-2023: «технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот», «технология ва таҷҳизоти заргарӣ», «кадастри замин», «иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)», «баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат», «воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия», «электроникаи техникаи автомобилӣ», «зеҳни сунъӣ», «гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ», «иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия)», «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ», «иқтисодиёти таҳлилӣ» ва «хизматрасонии автомобилӣ» ба даст оварда шуда, имсол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи онҳо довталабонро ба донишкада қабул намуд.

Раёсати донишкада дар низоми омода сохтани муҳандисони равияи кӯҳкорию металлургия, геология ва нафту газ, барқу мошинсозӣ, экологию иқтисодӣ, ҳамлу нақлу мошинҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо таҳаввулоти заминавӣ бо бунёд намудани инфрасохтор, озмоишгоҳ, китобхонаи электронӣ, хобгоҳ ва таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ мондааст.

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Қадамҳои устувор баҳри рушди саноат» соли 2021 дар ҳошияи 15-солагии муассиса Форуми аввалини илмию саноатӣ доир гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон, педагогону донишҷӯён, кормандону роҳбарон аз муассисаҳои илмиву таълимӣ ва истеҳсолот иштирок намуданд ва аввалин маҷмуаи мақолаҳои ин чорабинии муҳим ба чоп мерасад. Ҳадафи форум таҳияи пешниҳодҳо оид ба татбиқи сиёсати саноатӣ, таҳияи ташаббусҳои ширкатҳои саноатӣ буд, ки ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

Вазифаи форум — рушди муколама миёни соҳибкорон ва мақомоти сатҳи давлатӣ ва идорӣ, ташаккули рӯзномаи таъҷилии саноатӣ бо дарназардошти афзалияти давлатӣ ва талаботи соҳибкорӣ буд. Диққати форум ба чораҳои дастгирии мақсадноки ширкатҳои саноатӣ, диверсификатсияи маҷмааи саноати кӯҳию металлургӣ ба манфиати давлат, соҳибкорони калон ва хусусӣ, рушди содироти маҳсулоти технологии баланд ва маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои саноатӣ равона гардида буд.

Донишкада аввалин стандарти мукаммали баргузорнамоии чорабиниҳои илмии шакли форумиро асос мегузорад ва тибқи он, то ба имрӯз чорабиниҳои илмии ҳамсон, аз қабили маҳфилҳо, машваратҳо, конфронс, ҳамоиш ва симпозиумҳо дар таълимкада баргузор карда мешаванд.

Аввалин лабораторияи илмиро дар самти металлургия ва масъалаҳои ба стандартҳои байналмилалӣ расонидани сифати таълими соҳаи металлургӣ дар доираи маблағгузориҳои лоиҳаҳои байналмилалӣ Бонки ҷаҳонӣ бунёд мекунад ва минбаъд ба ин васила ба андозаи миллионҳо сомонӣ таҷҳизоту асбоб ба муассиса ворид менамояд, ки дар натиҷа садҳо донишҷӯён ва муҳаққиқон аз онҳо истифода бурда, корҳои хатму таҳқиқоти унвонҷӯӣ анҷом медиҳанд.

Муносибатҳои хуби муассиса бо созмонҳои ҷаҳонию минтақавие, чун USAID, IWO, GIZ, «Россотрудничество», Erasmus, МАГАТЭ ва донишгоҳҳое, чун МИСИС, ТНГУ, УНТУ, РГГРУ, БНТУ ва муассисаҳои давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Узбекистон ва Аврупо тавассути талошҳои ҳайати меҳнатии муассиса ба даст омадаанд.

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба тариқи дизайни нав ҷиҳати ба «шаҳраки сабз» табдил додани таълимгоҳ ва мутобиқ намудани он ба сатҳи талаботи муосир, ки дар макотиби олии мамлакат татбиқ гардидааст, корҳои таъмири асосӣ намудани биноҳои таълимӣ ва ёрирасон, хобгоҳҳои донишҷӯён, нуқтаи хӯроки умумӣ, таъмири боми биноҳо, даромадгоҳи асосӣ ва ташкили системаи гармидиҳии мутамарказ, ки солҳои 50-уми қарни 20 сохта шудаанд, ҳамзамон иваз намудани дарҳои даромадгоҳ, аудитория ва синфхонаву кабинетҳои таълимӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва саҳни ҳавлии биноҳо, панҷарабандӣ намудани атрофи таълимгоҳ, таъсиси озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ амалӣ карда шудаанд.

Дар доираи фаъолияти Парки технологии муассиса мутахассисони соҳа аввалин намунаи маҳсулоти травертини моеъ истеҳсол намуда, дар ин бора ба унвони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон хабари расмӣ интишор намуданд, ки он ҳамчун таҷрибаи пешрафтаи татбиқи илм дар истеҳсолот нашр гардид. Ҳамчунин 15 апрели 2021 ба муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шарҳи Бӯстон Раъно Ҳошимзода ин маҳсулот ҳамчун дастоварди илмӣ муаррифӣ карда шуд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки давра ба давра кадрҳои баландпояи соҳаи саноати миллӣ тарбия намуда, ба истеҳсолоти ватанӣ ва хориҷи мамлакат фиристад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2022 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд
«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». Ҷаласаи васеи ҳайати комиссияи экспертии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДАР ТОШКАНД ФОРУМИ ДУЮМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ДОИР МЕШАВАД. Бо ибтикори Тоҷикистон он бори аввал моҳи июни соли гузашта баргузор шуда буд
Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи истифодаи замин дар минтақаи Рашт шинос гардид
«РОҲҲОИ ОБОДИ БАЙНИ ДЕҲОТ». Таҳти чунин унвон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон озмун эълон намудааст
Завқӣ Завқизода ва Андреас Шнайдер масъалаи ҷалби грантҳоро барои рушди минтақаҳо баррасӣ намуданд
Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон бори аввал дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» муаррифӣ мешавад
«ПОМИР-ИНВЕСТ 2022». Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ доир мегардад
Модели динамикии мувозинати умумии макроиқтисодӣ барои иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ГУБЕРНАТОР АЗ СИБИР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Вилояти Хатлони мо ва вилояти Омски Русия созишномаи ҳамкорӣ омода мекунанд
Раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бадахшон мулоқот намуд

Маводҳои таҳлилӣ