Хайриддин Усмонзода, Директори МТС: «Саҳми Сарони Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ арзишманд ва муҳим аст»
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақши Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ муҳим ва арзишманд мебошад. Ин нуктаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъмини ризояти байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, зикр намуд.
Тавре аз МТС ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки «дар тӯли ҳазорсолаҳо мардуми минтақаҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ҳавзаи муштараки фарҳангию тамаддунӣ ба вуҷуд оранд. Бо такя ба чунин муштаракоти тамаддунӣ сокинони минтақаҳои Осиёи Марказӣ метавонанд имконияти васеи рушди ҳамкории иқтисодиро амалӣ намоянд».
Ҳамчунин Х.Усмонзода бо мисолҳои мушаххас нақши Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ муҳим ва арзишманд арзёбӣ намуд.
Академик Кароматулло Олимов иброз дошт, ки «таърихи халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шебу фароз ва ҳамкории самарабахшро дар ёд дорад. Замони муосир мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд овардааст, ки танҳо ба воситаи ҳамкорӣ ва дӯстии кишварҳо метавонанд ҳал шаванд».
Дар идомаи конфронс иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон В.Норов таҷрибаи ҳамкории Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, лоиҳа ва барномаҳои амалишаванда, хусусан дар соҳаи гидроэнергетика ва бозорҳои наздисарҳадиро мисол овард, ки аз тақвияти дӯстии ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳанд. Мавсуф ин таҷрибаро барои кишварҳои дигари минтақа сазовори пайравӣ донист.
Ҳамчунин ӯ аз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҳамкории судманди минтақавӣ ёдовар шуд.
Дар маҷмӯъ, конфронс дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, дар охир бо барномаҳои фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
Акс: МТС ҶТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид






