Матлубахон Сатториён фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор дод

Август 17, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 17.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардида, зимни он масъалаи «Аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ: вазъ ва дурнамо» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати дохилии Пешвои миллат маориф ва илм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида шуда, ин масъала зимни ҳамаи вохӯриву суханрониҳои Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор мегирад.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати якуми июли соли равон дар шӯроҳои диссертатсионии миллие, ки дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар амал мекунанд, 1588 ҳимояи диссертатсияҳо баргузор шуда, аз ин теъдод 1370 диссертатсия тасдиқ гардидааст (115 докторӣ, 1179 номзадӣ ва 76 доктор фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос ва 195 диссертатсия радшуда)». Ҳамзамон зикр шуд, ки аз шумораи умумии диссертатсияҳои воридшуда ба бахши  илмҳои табиӣ- математикӣ ва техникӣ – 331 диссертатсия, бахши  илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ – 268 диссертатсия ва ба бахши илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – 989 диссертатсия рост меояд.

Таъкид гардид, ки ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ дар самти фанҳои дақиқ талаботи замон аст, зеро нигаронии Пешвои миллат дар ин маврид дида мешавад.


Тибқи маълумоти омории Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА), Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва АМИТ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 5406 нафар кормандони дорои дараҷаи илмӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 948 нафар доктори илм, 4373 нафар номзади илм ва 85 нафар доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Нишондиҳандаҳои оморӣ водор месозанд, ки ба ояндаи илми кишвар ҷиддӣ муносибат намуда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешем.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  роҷеъ ба баъзе мушкилиҳои фаъолияти КОА сухан гуфта, доир ба  эҳёи шӯроҳои диссертатсионӣ ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи соҳаҳои энергетика, нафту газ, нанотехнология, биотехнология, психология, сотсиология, амният ва ҳарбӣ пешниҳодҳои судманд намуд.

Зикр шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, бояд мавзӯъҳои мубрами рӯз, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ интихоб ва ҳимоя карда шаванд.

Ҳамзамон ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони соҳибистеъдод ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан илмҳои табиӣ ва техникӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Акс: ДМТ

Август 17, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ФАРЗАНДОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМОЕМ! Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши рушди робототехника доир шуд
БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм баррасӣ карда шуд
Роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бо кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд
Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон оғоз шуд
Барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд