Низомиёни рус ба хонандагони литсейи Душанбе кумаки башардӯстона расониданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, воқеъ дар Тоҷикистон ба хонандагони литсейи техникии шаҳри Душанбе ба сифати кумаки башардӯстона навъҳои гуногуни ғизо супурданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз дар шабакаи Telegram-и худ Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
«Ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба кӯдакони литсейи махсуси техникии шаҳри Душанбе кумаки башардӯстона супурданд», — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки зиёда аз ду тонна озуқаворӣ — сабзавот, гӯшт, ярма, орд, қанд ва ғайра расонида шуд.
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи махсуси касбии техникии шаҳри Душанбе» аз соли 1947 инҷониб фаъолият дошта, дар ҷумҳурӣ ягона муассисаи махсус маҳсуб мешавад, ки дар он ба кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои номатлуб касбу ҳунарҳои гуногун меомӯзанд.
Дар намояндагии дипломатӣ зикр карданд, ки аз аввали соли 2022 низомиёни Русия ба кӯдакони ятим ва шаҳрвандони камбизоат беш аз 15 тонна маводи ғизоӣ ва маводи зарурӣ расонидаанд.
Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон ҷойгир буда, бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзи он аст.
Ҷузъу томҳои он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудаанд. Ба таркиби ПНР қисмҳои мототирандозӣ, танкӣ, артиллерӣ, иктишофӣ, қисмҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва алоқаҳо дохил мешаванд.
АКС: Мудофиаи марказии ҳарбии ФР








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд






