ПАХТА-2022. Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз мешавад

Август 16, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз даҳаи охири моҳи август маъракаи ҷамъоварии пахтаи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имсол тибқи дурнамо дар майдони 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта панҷ ҳазор гектар кам мебошад.

Соли гузашта дар ин шабу рӯз маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардида буд.

Бояд гуфт, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.

Арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ кишоварзон талош мекунанд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.

Бинобар сабаби болоравии арзиши сӯзишворӣ ва доруҳои минералӣ дар назар аст, ки арзиши пахта низ имсол баланд гардад.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар мамлакат 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 16, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад
Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид
Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд