САДАМАҲОИ МАРГОВАР. Дар шаш моҳ бар асари онҳо дар Тоҷикистон 180 нафар ба ҳалокат расидаанд

Август 16, 2022 12:42

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи 482 (2021-472) садамаҳои роҳу нақлиётӣ 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 (2021-537) тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2022 иттилоъ дод.

Тавре маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, 14 августи соли равон, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Камри» Ғуломов Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаӽрванд Расулова Манижа, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкурро ҳамроҳ бо фарзандони хурдсолаш, Хуҷаев Абдумуслим, соли таваллудаш 2017 ва Ҳуҷаев Абдулло, соли таваллудаш 2022 пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Расулова М.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ӽамзамон 14 августи соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Назирзода Рамазон Абдуқаюм, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя карда натавониста, чароғаки роҳнаморо бо ранги сурх гузашта, дар миёнаи чорроҳа аввал ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Назаров Далер, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, сипас ба мошини тамғаи «Тойота-Камри», таҳти идораи Фатҳиддинов Фирузҷон Каримович, соли таваллудаш 1986, сокини ӽамин ноӽия бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони мошини тамғаи «Опел-Астра» Саидова Чиндагул, соли таваллудаш 1962 ва Саидова Дастагул, соли таваллудаш 1960, сокинони ноӽияи Данғара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд ва Саидова Гулнора, соли таваллудаш 1985 бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.

Кормандони Раёсати БДА ВКД ҶТ ба ронандагон ва пиёдагардон хотиррасон мекунанд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Ронандагон бояд дар хотир дошта бошанд, ки аз ҳаракати онҳо ҳаёт ва саломатии иштироккунандагони ҳаракат дар роҳҳои атроф вобастагии зиёд дорад.

Пиёдагардҳо набояд аз қитъаи роҳ дар ҷои номумкин гузаранд. Дар либос мебояд унсурҳои инъикоскунандаеро истифода бурд, то имкон диҳад, ки дар шом ва дар шароити нокифоягии нури рӯшноӣ намоёнтар шавад.

Дар хотир дошта бошед, ки ҳаёти шумо ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз рафтори худи шумо дар кӯча ва роҳ вобаста аст.

АКС аз бойгонӣ

Август 16, 2022 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд