УСТОХОНАИ ЛЮ БАН. Дар Душанбе аввалин Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии технологӣ дар Осиёи Марказӣ кушода шуд!

Август 4, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Чин, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар маросими ифтитоҳи нахустин сохтмон дар Душанбе- аввалин Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии технологӣ дар Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Вазири корҳои хориҷии Чин иброз кард, ки Чин дар рушди лоиҳаҳои калидӣ ба Тоҷикистон кумак намуда, аз ҷумла дар кори коргоҳи Лю Бан ҳамкориро идома медиҳад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум намуд, ки ин чӣ гуна устохона  аст ва бо чӣ кор машғул мешавад.

Дипломати чинӣ изҳори умедворӣ кард, ки ин устохона дар заминаи ҳамкории дуҷониба рӯйдоди нави возеҳ мегардад. Вай изҳори итминон кард, ки бо дастгирии  ҳукумати ду кишвар муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат ҳамкориро дар соҳаи касбомӯзӣ ва техникӣ амиқтар хоҳанд кард.

Устохонаи «Лю Бан», ки аз ҷониби Чин дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар назди факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, аввалин чунин коргоҳ дар Осиёи Марказист. Дар айни ҳол лоиҳакашӣ, муайян кардани ҷой, майдони сохтмон ва баҳодиҳии  шароити зарурӣ анҷом дода шудааст.


4 январи соли 2022 Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони устохонаи  «Лю Бан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тянтзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Айни замон байни ду тараф оид ба сохтмони устохонаи «Лю Бан» шартнома ба имзо расида, дар майдони сохтмонӣ  кор ҷараён дорад.

ДАР АКС: Ҳайкали Лю Бан дар ш. Вэйфан

«Коргоҳи «Лю Бан» (Luban Workshop) як лоиҳаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ буда, аз ҷониби Комиссияи маорифи шаҳри Тянтзини Чин аз соли 2016 бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия ва амалӣ карда мешавад. Дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар «Марказҳои таълимии махсусгардонидашудаи устохонаи Лю Бан» таъсис дода шуда, дар онҳо мутахассисони дорои маълумоти олӣ омода гардида, ба онҳо малакаҳои зарурии касбӣ дода мешаванд. Ҳоло «Устохонаи Лю Бан» дар 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Британияи Кабир, Русия, Таиланд, Ҳиндустон, Эфиопия ва ғайра бомуваффақият фаъолият дорад. Пас аз Душанбе таъсиси чунин коргоҳ дар Тошканд дар назар аст.

Барои Чин коргоҳҳои Лю Бан, ки ба номи ҳамин ихтироъкори барҷастаи чинӣ гузошта шудаанд-ин бренди ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад. Дар доираи  ташаббуси «Як камарбанд -як роҳ» имрӯз 26 устохона дониш ва малакаҳои амалӣ ба ҷавонони саросари ҷаҳон пешкаш мекунанд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ касбҳои гуногун – таъмири автомобилҳо, авиатсия, фаъолияти меҳмонхонаҳо, сайёҳӣ ва ғайра таълим дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Лю Бан (тақрибан 507-444 пеш аз милод) дуредгар, муҳандис ва ихтироъкори чинӣ дар давраи сулолаи Чжоу буд.

Вай якчанд асбоби  дуредгарӣ — арра, парма, бел, асбоби пур кардани сиёҳдон ва ғайраро ихтироъ кард ва ё такмил дод. Ба усто барои кораш он қадар фармоиши зиёд расида будааст, ки занаш гӯё чатр ихтироъ кардааст, то шавҳараш тавонад ҳатто дар вақти боридани борон ҳам кор кунад.

Зебо Юсуф,
АМИТ «Ховар»

АКС: ВКХ, АМИТ Ховар/Синхуа

Август 4, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд