ВАСЛГАРОНИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ МИЛЛАТ. 14 август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад

Август 14, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи август дар мамлакат Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад, ки он имсол ба 14 август рост омад. Вобаста ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА суҳбат намуд.

Ба андешаи мусоҳиби мо, ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо иншооти маъмурию хизматрасонии муосир бунёд гардида, биноҳои баландошёнаи замонавӣ қомат меафрозанд ва симои шаҳру ноҳияҳоро ба таври шинохтанашаванда дигаргун месозанд, ки ин ҳама аз пешрафти соҳаи сохтмон ва меъморӣ дарак медиҳад.

Бинокорӣ касби наҷибу масъул ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ низ талаб мекунад. Бинобар ин, Рӯзи кормандони сохтмон миёни дигар идҳои касбӣ дар ҳақиқат ҷойи махсусро ишғол намудааст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан даҳсолаи охир бунёди иншооти нави замонавӣ хеле афзуд. Рушди соҳаи сохтмони мамлакат бо суръати баланд ба зиёдшавии миқдори масолеҳи нави бинокорӣ ва технологияи муосир дар иншооти гуногунҳаҷм оварда расонд. Ин раванд на танҳо ба бинокори асил осонӣ меорад, балки сифати меҳнатро низ боэътимод мекунад.

Яке аз нуктаҳое, ки Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, истифода аз санъати ғании меъмории ниёгон ва ҳусни миллӣ бахшидан ба биноҳои замонавист. Аз ин рӯ, лоиҳакашон зимни тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хусусияти миллии меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, ки «Асосгузори ҳамаи навсозиҳо, ташаббускорӣ ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша сохтмону меъмориро чун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Итминони комил дорам, ки сарзамини хуршедии мо- Тоҷикистон таҳти Сарварии Президенти мамлакат бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мегардад».

Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода иброз намуд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру ноҳия, яъне сад дарсад пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Охирин лоиҳа- ин лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара буд, ки пас аз таҳия ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва баъди баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ он қабул гардид.

Бояд гуфт, ки муқаррароти меъёрӣ ва қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти талаботи меъморию ороишӣ, иҷтимоӣ, гигиенӣ, демографӣ, шароити маҳал, зиддисӯхторӣ, ҳузуру ҳаловат, зебоӣ, санитарию эпидемиологӣ, зилзилатобоварӣ ва бехатарӣ таҳия шуда, дар шашмоҳаи аввали имсол ба масоҳати 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои Раиси Кумитаи меъмории мамлакат, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои зарурӣ андешида истода, корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони Кумита қарор дорад. Ҳамзамон вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҷўӣ намуда истодаанд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда идома доранд.

Ба таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллат метавон аз рӯи тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод. Зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон бо назардошти вазъи вақт ва гузаштаи таърихи миллати худ лоиҳа кашида, бино бунёд мекунад, ки он аз як аср ба асри дигар ба мерос гузашта, аз таърихи давлатдории он давр шаҳодат медиҳад.

Имрӯзҳо ҳунарҳои қадимии дастӣ сабаби ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон гардидаанд. Бунёди «Қасри миллат», «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Китобхонаи миллӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надоранд, инчунин сохтмони даҳҳо адад меҳмонхонаҳои баландошёнаи замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва тафреҳӣ, майдонҳои бузурги варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва чандин иншооти барои иқтисодиёти давлатамон муҳим аз дастовардҳои беназири бинокорони тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Дар ин миён наметавон хизмати меъморонро нодида гирифт. Зеро бо сохтану бунёди ин гуна сохтмонҳои азиму таърихӣ сохтмончиён васлгарони пуле миёни гузаштаву имрӯза мегарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҒУН — МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Ориф Амирзода: «Маҳз бар асари гармшавии иқлим беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд»
БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 5 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт
Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаи ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Мурғоб иқтидори истеҳсоли энергияи офтобӣ зиёд мешавад
Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид
Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»
Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи Исфара таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дорад
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад
Дар Душанбе ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз ёфт