Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова мулоқот намуданд

Сентябрь 12, 2022 11:31

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффорова, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқоти хосса ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон табодули андеша карданд.


Сипас, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки мулоқоти имрӯза идомаи мантиқии муколамаи зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон моҳи марти соли ҷорӣ анҷомдода маҳсуб мешавад.


Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла тавассути тамосҳои мунтазами гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва сохторҳои байнипарламентии созмонҳои мазкур низ ҳамкории самарабахш доранд.


Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки заминаи устувори рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Озарбойҷонро таърихи бисёрсолаи робитаҳои байни ду миллат, ҳамчунин саъю талоши роҳбарони ду давлат фароҳам овардаанд.

Дар зимн таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба коркарди муштараки масъалаҳо оид ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани сохтори он, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб карда шуд.


Дар вохӯрӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо дар доираи рушди ҳамкорӣ миёни пойтахтҳо масъалаи бунёди муҷассамаҳои Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку баррасӣ карданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2022 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»