ТАСС: Дар Москва маркази фарҳангии Тоҷикистон таъсис меёбад

Сентябрь 2, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти шаҳри Москва тасмим гирифтанд, ки биноеро дар маркази шаҳр ба таври ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳанд, ки дар он ҷо маркази фарҳангӣ ва намояндагии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора ба ТАСС котиби матбуоти мири пойтахт, роҳбари хадамоти матбуоти мир ва ҳукумати шаҳр Гулнора Пенкова хабар додааст.

Қаблан Президенти Русия Владимир Путин дар суҳбат бо Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Москва масъалаи пешниҳод намудани биноеро, ки дар он маркази фарҳангӣ ташкил мешавад, ҳал намудааст.

«Ҳукумати Москва тасмим гирифтааст, ки бино бо масоҳати 5039,1 метри мураббаъро дар суроғаи кӯчаи дуюми Тверская-Ямская. х. 40 ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳад, ки дар айни замон дар он муассисаи «Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойгир аст. Минбаъд ин амвол тибқи созишномаи байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани маркази фарҳангӣ ва намояндагӣ ба таври ройгон  дода мешавад», — гуфт Пенкова.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин барои кумак дар бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат дар ин бора дирӯз, 1 сентябр тавассути пайванди видеоӣ дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон, ки Президенти Русия низ дар он ба таври маҷозӣ ширкат дошт, изҳор доштанд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт