Дар Душанбе Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Октябрь 29, 2022 10:50

 ДУШАНБЕ, 29.10.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 29 октябр то 4 ноябри соли  равон  дар Душанбе «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад, ки он ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бахшида мешавад. 29 октябр маросими ифтитоҳи ҷашнвора дар кинотеатри  «Кохи Наврўз» -и шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он филми кореягӣ бо номи  «Чеҳраи хонанда» манзури тамошобинон   гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи  «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» намояндагони  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, масъулини синамо ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок иброз дошт, ки «Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҳарду кишвар дар соҳаи санъати синамо ва густариши  минбаъдаи  он мусоидат менамояд. Қаблан чунин фестивал солҳои 2013 ва 2015  ва 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардида, шумораи зиёди тамошобинони филмҳои кореягиро ҷалб карда буд. Дӯстдорони филм дар ин ҷашнвора метавонанд  филми ҳунарии коргардонҳои  кореягиро дар жанрҳои драма, комедия, таърихӣ ва низомӣ тамошо кунанд».

Намоиши филмҳои кореягӣ  то 4 ноябр дар кинотеатри  «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе идома меёбад.  Дар ин Фестивал филмҳои коргардонон Ҳан Ҷерим- “Симо”(Квансанг с. 2013),  Че Донгҳун “Қатл” (Амсал, с. 2015) ва Ли Гебёк “Хушбахт” (Локи с. 2016)  ва ғайраҳо намоиш дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели 2015 таъсис ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид