ҶДММ «АЗИЯ ПОЛИТЕКС». Дар Хуҷанд корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм бунёд мешавад
СУҒД, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон, воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардид, хабар доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл карда мешаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудаанд, гуфт, ки ин иқдомро саноатчиёни шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» заминаҳои васеъ барои роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудаанд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






