Рӯзи Конститутсия дар Душанбе бо сайру гашти оммавии сокинон ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ таҷлил мешавад

Октябрь 28, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре дар Раёстаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи  нақшаи тасдиқгардида  дар тамоми муассисаву ташкилоти   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе  ва зерсохторҳои он   доир ба аҳамияти таърихии  ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат   бо иштироки коршиносони  соҳа  мулоқоту суҳбатҳо   ва  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  баргузор  мегарданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар боғҳо ва дигар  маконҳои фарҳангию  истироҳатӣ  бо мақсади  дар рӯҳияи идона  ташкил намудани сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 28, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд