ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, сешанбе, 277-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 4, 2022 08:00

4 октябри соли 2013 дар ҷаласаи  11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Раиси он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

***

8 сол пеш, 4 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

***

4 октябри соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

4 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот.

 ***

Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.

***

Рӯзи байналмилалии манзил.

***

 Дар Россия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

 ***

Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ.

РӮЙДОДҲО:

4 октябри соли 2013 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

4 октябри соли 2013 дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек Форуми 7-уми ҳамкории Федератсияи Россия ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар ИМА Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.

***

4 октябри соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкорӣ гирифт.

***

31 сол муқаддам, 4 октябри соли 1991 сарони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

***

Соли 2000 рӯйхати кишварҳои «мобилӣ» нашр шуд. Финландия бо доштани 76 %-и обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми аввал касб намуд.

Октябрь 4, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст