Дар Тоҷикистон 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, то оғози моҳи ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2304,4 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 456,9 тонна зиёд мебошад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» дар ҳоли анҷом қарор дорад. Ин барнома ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба гуфти мутахассисон, рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети мамлакат даромади калон меорад. Моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд






