Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ баргузор мегардад, ки дар он коршиносон ва намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат.
Дар доираи сафар меҳмонон аз имконияти хизматрасонии осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», Мамнуъгоҳи таърихии Қалъаи «Ҳисор», Боғи интенсивии «Шар-Шара» ва ангурбоғи «Норак» дидан менамоянд. Инчунин аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе- «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.
10 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт дар доираи баргузории форуми мазкур ҷаласаи сеюми Комиссияи техникӣ оид ба рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Вазорати мероси фарҳангии Эрон, ҳайати Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, ширкатҳои бонуфузи сайёҳии хориҷӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.
Дар мулоқот имконоти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






