Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфтанд

Ноябрь 22, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия 22.11.2022

Ноябрь 22, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт