Дар машқгоҳи «Фахробод» тамринҳои махсуси баталионӣ-тактикӣ доир гардиданд

Декабрь 8, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи натиҷагирӣ аз давраҳои омӯзишӣ дар Артиши миллӣ бо ҷалби яке аз баталионҳои Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар машқгоҳи «Фахробод»-и гарнизони Хатлон машқҳои махсуси баталионӣ-тактикӣ доир карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Машқҳои мазкур дар ду марҳила гузаронида шуда, роҳбарони машғулият нахуст аз рӯйи тамсила ё худ макет матлаби ба машқҳо пешбинигардидаро муайян ва мушаххас намуданд. Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ, гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар бинои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуд ва гурӯҳи дигар бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехост вазъиятро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд.

Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ ҷузъу томҳои ҳамлаовари десантӣ бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони низомӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ амалиёти зиддитеррористӣ доир намуданд.

Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди афроди ғайриқонуни мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ гардиданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бевосита назорат карда шуд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ масъулини Қӯшунҳои зудамали Артиши миллии кишвар дар назди ҳайати иштирокчиёни машқҳои баталионӣ-тактикӣ баромад намуда, ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии ширкаткунандагони ин размоиши низомӣ баҳои баланд доданд. Ва дар ин радиф иброз доштанд, ки ҳар хизматчии ҳарбӣ бояд дар самти пешгирӣ аз хатарҳои афзояндае, чун терроризму экстремизм ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошад ва баҳри таъмини амнияти устувори Тоҷикистон доимо талош намояд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Декабрь 8, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд