ДАР ЗИМИСТОН ОДАМОН НОРОҲАТ ХОБ МЕРАВАНД. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» маълум карданд, ки чаро ин ҳолат рух медиҳад, хоби солим барои чӣ зарур аст ва онро чӣ гуна метавон ба вуҷуд овард

Декабрь 14, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳқиқотчиён аз Донишгоҳи Вашингтон маълум карданд, ки рӯшноии рӯзона ба сифат ва дарозии хоб таъсир мерасонад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мақолаи онҳо дар маҷаллаи Pineal Research ба табъ расидааст.

Гурӯҳи таҳқиқотӣ маълумоти смарт-соатҳои 507 донишҷӯро дар бораи миқдори рӯшноии рӯзона ва сифати хоб аз соли 2015 то 2018 истифода бурдааст.

Маълумот нишон доданд, ки донишҷӯён ҳар шаб, новобаста ба фасли сол тақрибан як хел хоб мекардаанд. Аммо зимистон вақти хоби онҳо омехта мешуд-онҳо дар хоб мемонданд ва 40 дақиқа аз вақти зарурӣ дертар мехестанд.

Ба ғайр аз ин, дар фасли зимистон пурсидашудагон тамоми рӯз худро хоболуд ҳис мекарданд. Муҳаққиқон зикр намуданд, ки дар зимистон меъёри нури рӯшноӣ нисбат ба тобистон хеле камтар аст. Маҳз ҳамин чиз меъёри табиии хоби одамро вайрон мекунад.

Ба гуфтаи олимон, субҳгоҳон ба берун баромадан кумак мерасонад, то меъёри хоб вайрон нашавад- дар ин ҳолат одам метавонад беҳтар хоб равад.

Барои беҳтар кардани хоби шабона аввал бояд муайян кард, ки ба шумо чанд соат хобидан зарур аст. Сипас, тадриҷан ба сохтани реҷаи ҳаррӯзаи худ шурӯъ кунед. Кӯшиш кунед ҳар шаб дар вақту соати муайян хоб равед. Ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ то ҳадди имкон кӯшиши хобидан кунед, ҳарчанд ин осон нест. Саҳар зуд, бо садои аввали соати зангдор аз хоб бархезед ва онро ба таъхир нагузоред. Хоби кӯтоҳ ва аз овози соати зангдор қатъшаванда ба шумо қувват намебахшад, баръакс, шумо худро боз ҳам хоболуд ва хаста ҳис хоҳед кард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 14, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд