«МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид

Декабрь 19, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 19.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова (дар акс) дар озмуни «Мураббии сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №150-и ноҳияи Сино Фирӯза Назарова сазовори мақоми дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и ноҳияи И.Сомонӣ Шоира Камолова зинаи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур Шаҳноза Шарифзода ҷойи чоруми ин озмун гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 то 14 декабр баргузор гардида, ғолибони он дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 19, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Хонандагони ноҳияи Данғара дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварданд
Хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат» дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 сазовори медали тилло гардид
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишнома ба имзо расониданд
GREEN.DIGITAL.SMART. Донишгоҳҳои «сабз» заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд
Ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд