«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
ДУАШАНБЕ, 24.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода, муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадодиева, муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон Муҳаррам Набизода, муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Малика Саидова ва муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарипова миёни ҳам маҳорат месанҷанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ сурат мегирад.
Озмуни мазкур дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон», ки он 28 феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ташкил мешавад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд






