ШАҲРИ САБЗ. Дар Душанбе 193 ҳазору 499 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023» дар шаҳри Душанбе 193 ҳазору 499 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ ва ба миқдори 13 миллиону 147 ҳазору 315 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола шинонида мешаванд. Дар ин хусус аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳоло дар ҳудуди гулгашту хиёбон, кӯчаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 151 ҳазору 651 бех ниҳол шинонида шудааст. Инчунин ҷиҳати таъмини шукуфоӣ ва сарсабзии кӯчаву хиёбон ва шоҳроҳҳо ба миқдори 7 миллиону 619 ҳазору 587 дона гулҳо шинонида шуданд, ки аз ин 5 миллиону 300 ҳазору 598 ададаш гулҳои гуногунранги лола мебошад.
Мувофиқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» шинонидани 58 ҳазору 163 бех дарахтони ороишии навъи санавбар, можжевелник, туя, шулаш, олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз тарафи ташкилоту идораҳои муваззафшуда ба миқдори 48 ҳазору 552 бех ниҳол шинонида шудааст.


Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе дар ҳудуди «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» 4715 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида истодааст.
Ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки дар мавзеи Обшорон, талу теппаҳои маҳаллаҳои Лучоб ва Гулдара иловатан 2000 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар ободу зебо ва шукуфон гардидани минтақаҳои пойтахт нақши сазовор гузорад.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе








«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд






