Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 23.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 январ роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Kahramanmaraş EXPO 2023»-и Туркия боздид намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайдар Раҷабов ва Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов бо мақсади пайгирии масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» ба шаҳри Қаҳраманмараши Туркия рафтанд, то бо корҳои омодагӣ барои баргузор кардани намоишгоҳи EXPO2023 шинос шаванд.
Онҳо бо роҳбарияти ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳраманмараш вохӯрда, аз раванди омодагӣ ба баргузории EXPO 2023, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO2023» аз 23 апрел то 31 октябри соли равон дар ноҳияи Оникишубати Туркия доир карда мешавад.
Акс: ПСС ҶТ








Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд






