Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи ҳушмандсозии идораи шаҳрдорӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷонибаро баррасӣ намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари барномаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод Рето Вайерманн ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи барномаи «Роҳбурди Швейтсария дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2025» изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Инчунин вохӯрии ҳайати шаҳрдорӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо мудири иҷроияи «Бунёди муколамаи Пердана»-и Малайзия Рафӣ Юсуф баргузор карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бунёди мазкур дар бахшҳои инфрасохтори шаҳрсозӣ, технологияи рақамӣ, ҳушмандсозии идораи шаҳрдорӣ, тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт






