ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки нақш ва мақоми зан ҳамчун қишри муҳими ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта мешавад. Солҳои охир фаъолнокии занон дар соҳаҳои маориф ва илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат нисбат ба солҳои гузашта