Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт

Март 27, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мо пешниҳод намудем, ки Конфронси навбатии Созмон оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе дар фарҷоми Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран, ки дар доираи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 (21-25 марти соли равон) дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Зимни мусоҳиба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволи хабарнигори телевизиони СММ дар бораи натиҷаи Конфронси мазкур посух дода, чунин изҳор доштанд: «Дарвоқеъ, муҳим натиҷа аст. Натиҷае, ки хусусан ба кишварҳои осебпазир дар ҳалли мушкилоти об мусоидат намояд. Боиси қаноатмандист, ки шумораи зиёди уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аллакай, ба Рӯзномаи амал дар соҳаи об ворид гардидааст. Мо бояд механизми самараноки пайгирии татбиқи ин уҳдадориҳоро ба роҳ монем. Аз нигоҳи мо, дар ин раванд бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода шавад».

Президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд. Дуввум, мавқеи мавзӯи об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бояд тақвият дода шавад».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамчунин ба мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амали об, зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид минбаъд мунтазам сурат гиранд.

«Илова бар ин зимни татбиқи ин амалу уҳдадориҳо ва умуман Рӯзномаи амал оид ба об мо пешниҳод намудем, ки «Раванди оби Душанбе», ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад.Саввум, ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба об барои дастгирӣ аз кишварҳои камтараққӣ ва рӯ ба тараққӣ бояд ҳаҷми сармоя ва маблағгузорӣ афзоиш дода шавад»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 27, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси 4-уми Душанбе ҳамчун майдони муколамаи васеъ дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи об мусоидат менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об гузаронида мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Риёз нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид

Маводҳои таҳлилӣ