Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

Март 13, 2023 14:42

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст.

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 30 садяк заминро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мега Техника Иншоот» мебошад.

Дар бинои тозабунёд 40 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Ҳамзамон соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.

Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин бино ба роҳбарият ва кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони мақомоти андоз изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бинои навбунёдро дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13.03.2023

Март 13, 2023 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд