ДАЪВАТИ БАҲОРӢ! Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахустин шуда онро иҷро намуд

Апрель 1, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар рӯзи нахустини маъракаи баҳории  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда  иҷро гардид, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар».

Дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон дар Ҷамоати деҳоти Ворух муносибати гусели гурӯҳи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  ёдовар шуд.

«Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад», — таъкид кард Баҳоваддин Баҳодурзода.


Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, гувоҳи он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд.

Дар фарҷом бо иштироки модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин,   аскарбачагони оянда  маросими нонгазонро ба ҷо оварданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Апрель 1, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад