«Саноатсодиротбонк» дар намоишгоҳи Форуми байналмилалии содиротии Бохтар Фуд-2023 иштирок намуд

Май 26, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 3-юмин Форуми байналмилалии содиротии Бохтар Фуд-2023 баргузор гардид, ки дар он «Саноатсодиротбонк» низ иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур.

Филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтар аз ин майдони барои таблиғи хизматрасониҳо имконияти васеъ фароҳамоварда истифода бурда, ҳамчун сармоягузори самти саноат ва истеҳсолот миёни ташкилотҳои қарзии мамлакат хизматрасониҳои худро ба иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин Форум тамоми ташкилотҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сармоягузорон, шарикони рушд, сафоратхонаҳо ва соҳибкорону намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ иштирок намуданд.

Форум ду рӯз давом кард ва тибқи тартиби муқарраргардида рӯзи якуми он вохӯриҳою шиносоӣ бо истеҳсолкунандагон сурат гирифта, вазъи истеҳсолу содирот дар ҷумҳурӣ ва ба ин монанд масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Рӯзи дуюми Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва ташкилотҳои қарзие, ки ҳамчун сармоягузори дохилӣ корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноату истеҳсолотро маблағгузорӣ менамоянд, бо ташкили гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

АКС: «Саноатсодиротбонк»

 

Май 26, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд