280 хизматчии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ савганд ёд намуданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии савгандёднамоии наваскарон ба охир расид. То 7 июни соли равон 280 хизматчии ҳарбии Кумитаи мазкур барои хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан савганд ёд намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Кумита хабар медиҳад.
7 июни соли равон дар қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар қаламрави ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд, чорабинии тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Кумита иштирок намуд.
Наваскарон дар вазъияти тантанавӣ ба номи Ватан савганд ёд карданд. Онҳо қавл доданд, ки софдилона ва аз дилу ҷон ба сарзамини аҷдодӣ хидмат мекунанд ва ба иҷрои ҳар амру супориш барои дифоъ аз марзу бум ва таъмини амнияти давлат омода хоҳанд буд.
Сарбоз Низомиддин Салимҷонов иброз кард, ки «бароям лаҳзаи савганд ёд кардан басо ҳаяҷоновару хотирмон буд. Ман ҳамеша орзу доштам, ки хидмати ҳарбӣ кунам. Ин ҷо муддати ду ҳафта моро ба ҳама нозукиҳои хидмат ошно карданд, низомро омӯхтанд. Мақсад дорам, ки баъди анҷоми хидмати дусола сарнавишти худро ба кори ҳарбӣ пайвандам ва бовар дорам аз уҳдаи ин кор мебароям».
Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ фармондеҳон, волидоне, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, собиқадорон ва намояндагони дигар ниҳодҳои марбута оид ба иҷрои қарзи фарзандӣ-хизфи Ватан-Модар ибрози андеша намуда, ба наваскарон барои иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои сарбозӣ комёбиҳо орзу намуданд.
Ҳамаи ин маросимҳои тантанавӣ бо сафороии ҳарбӣ ва гузашти низомӣ ба анҷом расиданд.
АКС: Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд






