Дар Академияи идоракунии давлатӣ курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст шуд

Июнь 24, 2023 13:44

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 21 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъа, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристон, Леваканд, Данғара, Фархор, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида буд.

Ҳозирин зимни баромадҳои худ шунавандагони курсро ба муносибати хатми бомуваффақият, 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ табрик намуда, изҳори итминон намуданд, ки эшон маҳорату малака, таҷриба ва донишҳои дар заминаи курси мазкур аз худ намудаашонро дар татбиқи босамари сиёсати давлатии пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат истифода хоҳанд бурд.

Дар охир ба шунавандагони курс Гувоҳнома оид ба хатм ва китоби «Санадҳои меъёрию ҳуқуқии хизмати давлатӣ» ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2023 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид