Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши идона таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – асоси пойдории миллат» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар ҳамоиши идона иштирокдорон дар бораи хизматҳои бузург, қаҳрамониҳои мондагору беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Дар идома аз ҷониби раёсат, кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳ намоиши бошукўҳи ватандӯстӣ — фарҳангӣ, ки фарогири маърӯзаву шеърҳо дар васфи Ватан- Модар, Парчам, Истиқлолу Ваҳдат, суруду рақсҳои зебои тоҷикиву хориҷӣ ва суолу ҷавоб дар мавзӯъҳои гуногун буд, пешниҳоди ҳозирин гардид. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар моҳи июн силсилачорабиниҳо таҳти унвони «Моҳвораи Ваҳдати миллӣ» доир шуд.
Дар асоси нақша — чорабиниҳои донишгоҳӣ бо мақсади таҷлили сазовори Ваҳдати миллӣ давоми як моҳи охир аз тарафи Донишгоҳ дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи илмӣ, тарбиявӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки сокинони пойтахт, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд






