Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа соҳиби хона мешаванд

Июль 17, 2023 17:31

ХОРУГ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳе аз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар остонаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои истиқоматӣ мегарданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ба гуфтаи муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвестстрой» Насим Имомқулов, «ҳоло корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, танҳо баъзе корҳои ҷузъӣ боқӣ мондаанд, ки давоми якуним моҳи оянда ба  охир мерасанд. Бино аз панҷ ошёна иборат буда, таҳкурсии он се сол пеш гузошта шуд. Хонаҳо аз як ва ду ҳуҷра иборат мебошанд, аммо  хеле васеъ ва бароҳат ҳастанд. Сифати корҳои бинокорон низ ба меъёрҳои сохтмонии замони муосир посухгӯ мебошад. Ин бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия-дар канори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, кормандони масъули мақомоти мазкур ҳар сари чанд вақт кори бинокоронро назорат мекунанд ва то ҳол аз тарафи онҳо ягон эрод гирифта нашудааст».

«Ҳамзамон дар паҳлуи ин бино боз як бинои дигари панҷошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Ҳоло бинокорон корҳои хиштчинию бетонрезиро дар ошёнаҳои якуму дуюм ба анҷом расонида, ҳафтаи оянда корҳоро дар ошёнаи сеюм идома медиҳанд»,-афзуд Насим Имомқулов.

Ин дуюмин бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти давлатии ноҳия аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Чанд сол пеш дар маркази ноҳия хонаҳои истиқоматии якошёнаи  як ва дуҳуҷрагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар баробари ин бинои истиқоматӣ ҳамчунин дар маркази ноҳия  сохтмони биноҳои Беморхонаи марказӣ, Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ ва шуъбаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират идома дорад.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ симои маркази ноҳияи Роштқалъа ба таври куллӣ тағйир меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2023 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПЕШВОИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСКОРИ ИҚДОМҲОИ ҶАҲОНӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Назари коршинос дар ин мавзуъ
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд