Нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Хуни ориёӣ» китоб ба нашр расонид

Июль 17, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Хуни ориёӣ» китоби адиби шинохтаи тоҷик Саидмурод Рабизодаро аз чоп баровард.

Мазмуну муҳтавои китоби «Хуни ориёӣ» аз ҳаёти одамони даврони муосир гирифта шуда, симои онҳо ба таври воқеӣ тасвир шудааст. Қаҳрамонҳои асар ҳар яке дар зиндагӣ мавқеъ ва роҳи худро соҳиб гардидаанд. Ҳангоми мутолиаи ин китоб ба хонандаи нуктасанҷ маълум мешавад, ки инсон, қабл аз ҳама, бояд аз асли хеш бохабар бошад. Донад, ки гузаштагонаш киҳо буданд, мавқеъ ва амалашон дар зиндагӣ аз чиҳо иборат буд. Қаҳрамонҳои асосии китоби таърихии «Хуни ориёӣ» одамони касбу кори гуногун- роҳбар, роҳнамо, муаллим, мулло, чӯпон, подабон, коргар, корманд, муҳандис, вакили халқ, тоҷир, нафақахӯр, журналист, ангишткан ва ғайра буда, онҳо хонандаро дар зиндагӣ ба рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори нек талқин менамоянд.

Муҳаррири китоби таърихии «Хуни ориёӣ» директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода буда, он аз сарсухан ва силсиламақолаҳои «Панҷаи тақдир», «Тири ҳадафрас», «Мурдаҳои зиндашуда», «Дулонадуздон», «Фоҷиаи Як-40», «Сӯзиши дил», «Ситоиши модар», «Дуздӣ дар маҳтобшаб», «Хуни ориёӣ» ва «Як лаҳзаи нотакрори зиндагӣ» иборат мебошад.

Китоби «Хуни ориёӣ» идомаи асарҳои нависанда Саидмурод Рабизода «Ҳамосаи ҷавонмардӣ», «Шаҳиде дар роҳи ҳақиқат», «Саодати истиқлол», «Матонат ва ҷасорат», «Ташаккули мафкура», «Сӯзиши дил», «Панҷаи тақдир» ва «Марде собит ҳамчун кӯҳ» буда, одамонро ба меҳнатдӯстӣ, сидқан дӯст доштани Ватан-Модар, расидан ба қадри истиқлоли Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба заҳмати инсонҳо, эҳтироми якдигар, ҷавонмардию далерӣ, росткорӣ ва пайравӣ ба амалҳои неки ниёгони хеш раҳнамун месозад.

Аснои мутолиаи китоби «Хуни ориёӣ» хонанда як лаҳза сукут намуда, ба худ суол мегузорад, ки инсон кист? Ӯ бояд дар тӯли зиндагии худ кадом корҳоро ба анҷом расонад? Қадру қимати инсонҳо дар чӣ зоҳир мегардад? Дар зиндагӣ чӣ гуна метавон мавқеи худро пайдо намуд?
Мутолиаи китоби «Хуни ориёӣ» ба хонанда таассуроти ибратбахшу пандомез ва ғизои баланди маънавӣ мебахшад.

Саидмурод Рабизода муаллифи китобҳои «Ҳамосаи ҷавонмардӣ» (соли 1998), «Шаҳиде дар роҳи ҳақиқат» (соли 2014), «Саодати истиқлол» (соли 2016), «Матонат ва ҷасорат» (соли 2015), «Ташаккули мафкура» (соли 2017), «Сӯзиши дил» (соли 2015), «Панҷаи тақдир» (соли 2018), «Марде собит ҳамчу кӯҳ» (соли 2016), «Нолаҳои вопасини модар» (соли 2016) ва чандин филмномаю намоишҳои гуногуни телевизионӣ, ба мисли «Тавзеҳ», «Масъулият», «Нурофарон», «Дурнамо», «Азҳар» ва ғайраҳо мебошад.

   АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид