Дар Боғи Умари Хайёми шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Варзоб баргузор гардид

Август 6, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Варзоб доир шуд, ки он аз ҷониби сокинон ва меҳмонони пайтахт бо шукргузорӣ аз Истиклоли давлатӣ ва дар рӯҳияи созандагӣ бо як хурсандии беинтиҳо пазируфта шуд, —  иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Варзоб ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили  картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, харбузаву тарбуз,  гӯшти гов ва гӯспанд, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.

Дар дигар гӯшаи Намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошташуда, варзишшарон ва рассомон аз ҳунари волои хеш дарак доданд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии аҳли фарҳанги ноҳия пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

Бояд гуфт ин тадбири муҳим дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳам барои сокинони шаҳри Душанбе ва ҳам барои намояндагони аҳолии ноҳияи Варзоб ҷашни ҳосилот, иди фарҳангу ҳунар ва санъат арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, то 3 сентябр идома меёбанд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

 

Август 6, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид