Дар фабрикаҳои дӯзандагии ноҳияи Ашт беш аз 56 ҳазор бастаи либосҳои мактабӣ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. То ин муддат дар 7 корхонаи дӯзандагии ноҳияи Ашт 56 ҳазору 488 бастаи либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки 82% нақшаи муқарраргардидаро ташкил медиҳад. То оғози соли хониш хонандагон бо либоси мактабӣ пурра таъмин мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ашт дар 6 моҳи соли равон ба 532,1 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 171,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 147,6% — ро ташкил додааст.
Кишти баҳории зироати ғалладона дар майдони умумии 8647 гектар, дигар зироат дар 9946 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки ба 115% нақшаи солона баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79 гектар зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои деҳоти ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекормонда ва доманакӯҳ 139,5 гектар боғ бунёд гардидааст, ки 4 гектари майдони умумии онро боғҳои серҳосил ташкил медиҳанд. Ҳамчунин боғҳои мевадиҳандаи кӯҳна дар майдони 110,5 гектар барқарор шуданд.
Дар корхонаҳои хоҷагии деҳоти ноҳия ҷамъоварии ғалла, картошка, сабзавот ва мева бо суръати тез идома дорад. Имсол боғдорони вилоят 19 ҳазору 977 тонна ғалла, 19 ҳазору 894 тонна зардолу чамъоварӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз вилоят зиёда аз 5 ҳазор тонна меваи тоза ба хориҷа бароварда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд






