Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ дар Ханжоу Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 19-уми Осиёӣ 23 сентябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин шуруъ мегарданд. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 110 варзишгар дар бозиҳо иштирок менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш медали нуқра ва 17-тоаш медали биринҷӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд






