Дар маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи шанбеи 16 сентябр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ярмарка аз ҷониби кишоварзон ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ маводи ғизоӣ бо нархи нисбат ба бозор то 30 дарсад арзонтар пешниҳод гардид.
Ҳадаф аз ташкили чунин ярмарка таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ арзёбӣ карда мешавад.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои дастрас харид намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






