Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 429 аз 6 сентябри соли 2023 ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре дар қарори мазкур омадааст, ба зиммаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор карда шудааст.
Ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ низомнома, сохтор ва номгўи ташкилотҳои низоми Кумитаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази зеҳни сунъӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар мавзуи «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ доир шуд






