МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон барои дарёфти хонандагони болаёқат ҳафтаи «Бозёфт» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аз 18 то 23 сентябр бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва cоҳибистеъдод ҷиҳати дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ҳафтаи «Бозёфт» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат ба касб интихоб намудани хонандагони болаёқат ва рушди ҳаракати олимпӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Хонандагони хоҳишманд ва волидайни онҳо метавонанд давоми ҳафта ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳозир шуда, бо коршиносон ва омӯзгорони ботаҷриба ва пешқадам дар ин самт машварат намоянд.
Таҳсил дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо комилан ройгон буда, дар ҷараёни таълим хонандагон имкони рушд додани қобилияти зеҳниву эҷодкории худ, гирифтани тавсия оид ба касбинтихобкунӣ ва роҳнамоӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти касбиро пайдо намуда, ҳамзамон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.
Дар идомаи ҳафтаи «Бозёфт» бо иштироки коршиносону донишмандон баргузории машғулияти илмӣ-амалӣ, ҳамоиш ва дарсҳои маҳорат вобаста ба масъалаҳои ташхиси лаёқатмандӣ, муайян намудани самтҳои лаёқатмандӣ, шинохти маҳорати зеҳнӣ ва роҳу усулҳои рушди истеъдодҳои хонандагон ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд






