«МО ҲОМИИ ВАТАН!». Ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоии ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоии ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ, даъватшавандаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ таҳти унвони «Мо ҳомии Ватан!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Ҳамзамон дар саҳни Кохи фарҳанг бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, сарбозону афсарон, волидони даъватшавандаҳо ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Изҳор шуд, ки баргузории Рӯзи даъватшаванда- ин арҷ гузоштан ба марзу буми аҷдодӣ, Артиши миллӣ ва пурра намудану таҳким бахшидани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизамон мебошад. Вақте мебинем, ки фарзандони мо ба монанди падарони боору номуси худ бо ғайрату ҷасорат ба хотири ободии Ватан хизмати ҳарбиро ихтиёр менамоянд, умед ва бовариямон ба насли наврас, ба ояндаи орому осоишта қавитар мегардад.
Модарону хоҳарон мувофиқи расму оини тоҷикӣ ба наваскароне, ки хизмати Ватанро ихтиёр намудаанд, нон газонида, ба онҳо садоқату вафодорӣ ва хизмати сарбаландона орзу намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба даъватшавандаҳое, ки ба таври ройгон дар даврҳои ронандагии назди Ташкилоти мададгори мудофиа таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагии дараҷаи «Б» ва «С» супорида шуд.
Ҳамоиши пуршукуҳи ҷавонони ноҳияи Ёвон гувоҳи он буд, ки онҳо хизмат ба Ватан ва гузаштан аз мактаби мардонагиро барои худ мояи шараф ва ифтихор медонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






