Дар Қазоқистон Форуми навбатии минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт

Ноябрь 14, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 10 ноябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми навбатии минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин ҳайатҳо таҳти сарварии роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон, намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, маблағгузорон, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок варзиданд.

Баргузории нишасти навбатӣ барои муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба, баррасии вазъи минтақа ва муайян намудани мушкилоти асосӣ дар давраи афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои зуд-зуд номусоид гардидани ҳаво ва таъсири он ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҳамаи мамлакатҳо, инчунин ба ҳаёт ва некуаҳволии аҳолӣ имкони хуб фароҳам овард.

Раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба давлатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ӯ иброз дошт, ки «коршиносони Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ иттилоъ додаанд, ки гармшавии ғайримуқаррарии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст. Оқибатҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон падидаҳои хеле нигаронкунанда буда, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёд мешаванд. Боварӣ дорам, ки Анҷумани мо платформае хоҳад шуд, ки ба давлатҳои мо имкон медиҳад, то ба ҳадафҳои ҷаҳонии чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ноил шаванд».

Дар форум ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар доираи татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар давлатҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаи таъмини дастрасии аҳолӣ ба низомҳои огоҳкунии пешакӣ дар бораи офатҳои гуногун махсусан муҳим гардид. Сарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода ин масъаларо баррасӣ намуда, Муроҷиатнома ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро оид ба масъалаи таъсиси низоми минтақавии огоҳсозии бармаҳал ва иттилооти мутақобила дар бораи таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулодаи фаромарзӣ имзо намуданд.

Пас аз ҷамъбасти форуми минтақавӣ Муроҷиати роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Дабири кулли СММ оид ба масъалаи таъсиси низоми минтақавии огоҳсозии бармаҳал ва иттилооти мутақобила дар бораи таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулодаи фаромарзӣ баррасӣ ва тасдиқ шуд, инчунин Ташаббус оид ба таъсиси Атласи рақамии хатарҳои фаромарзӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мисоли платформаи таҳияшавандаи «Бехатарии рақамӣ» дар мисоли Атласи рақамии хатарҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Дар ҳошияи форум мулоқотҳои дуҷониба байни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  Рустам Назарзода ва роҳбари дафтари  минтақавии лоиҳаи минтақавии GIZ «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» Сергей Макаров,   сарвари  Намояндагии минтақавии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ Севал Гузелкилинч, роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба паст намудани хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ Наталя Алонсо Кано ва мушовири минтақавии техникӣ оид ба иқлим ва офатҳои табиии Маркази Барномаи озуқавории СММ дар Истанбул Станислав Ким баргузор гардид.

Дар ҳамаи ин вохӯриҳо оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили малака ва таҷрибаи кормандони Кумита татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд