Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ ва роҳпаймоӣ баргузор гардид. Ҷамъомад бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии мамлакат, варзишгарон – ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола сокинони Душанбешаҳр ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву муваффақияти пайдарпай истиқбол мегиранд. Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ба шумор меравад.
Парчам ва ойини парчамдорӣ дар байни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимӣ он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки он таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони мо мебошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.
Мояи ифтихор аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.


Сокинони шарафманди пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, бахусус насли ҷавону ояндасоз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.
Инчунин баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи бошукуҳи консертии тарранумгари истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ баргузор шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






