ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, панҷшанбе, 334-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 30, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  саммити ҷашнии Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

30 ноябри соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шурои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

***

30 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони давлатҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра-тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ намуданд.

***

30 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

***

30 ноябри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» симпозиуми илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

***

30 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

***

30 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд.

***

 30 ноябри соли 2019 дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ гузаронида шаванд.

***

30 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии ин Ассамблея, ки дар шакли видеоконференсия доир шуд, иштирок  варзиданд.

***

30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Русия оғоз ёфт.

***

30 ноябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд.

 30 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот.

***

Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ.

***

Дар Яман –Рӯзи истиқлол.

Ноябрь 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш