35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 10 синфхонаи таълимӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нуристони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар заминаи Муассисаи таълимии №111 10 синфхонаи таълимӣ бо фарогирии 480 хонанда дар ду баст сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Корҳои бунёдӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва сокинони маҳаллӣ амалӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт. Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид






