Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид

Декабрь 6, 2023 15:12

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар шаҳри Занзибари Танзания дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Президенти Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф Ҷакая Киквете вохӯрӣ намуд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, махсусан рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи дуюми Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф, ки дар кори он вазирони маориф ва  намояндагони давлатҳои шарик иштирок доранд,  масъалаҳои Соли маориф дар Иттиҳоди Африқо эълон гардидани соли 2024, дастрасӣ ба таҳсил барои гурезагон ва маблағгузории лоиҳаҳо баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шурои директорони Шарики глобалӣ Вазири маориф ва илми мамлакат бо намояндагони давлатҳову созмонҳои гуногун вохӯриҳои судманд анҷом медиҳад.

АКС: Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид