ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Декабрь 1, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали зимистон — декабр ба обу ҳавои моҳи декабри соли 2015 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мегардад. Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам ва дар баъзеашон аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 7+12, рӯзона 18+23 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 6+11 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар водиҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.  Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 6+7 дараҷа гармӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

Даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ дар водиҳо шабона 2+7, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то -1+4 дараҷа, рӯзона то 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ба амал омадани борон ва барфи шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 1+6 дараҷаро ташкил медиҳад.

Даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ба амал омадани бориши атмосферии шиддатнокиашон гуногун (дар намуди барф) дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида то 15-20, рӯзона аз 2-7 дараҷа хунук то 0-5, рӯзҳои алоҳида то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам пешгӯӣ мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 1, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад