Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ба Феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ ворид гардид

Февраль 15, 2024 15:29

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соли 2023 ба Феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ (World Directory of Medical Schools) ворид шуд. Дар ин хусус Ректори донишкада Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки донишкада бо 11 донишгоҳу донишкадаи байналмилалӣ дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои тиб ҳамкории дуҷониба амалӣ намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8 муассиса зиёд мебошад.

Дар донишкада 72 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки аз Ҳиндустон, Покистон, Малайзия, Нигерия, Бангладеш, Узбекистон, Афғонистон мебошанд. Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ нисбат ба соли гузашта 36 нафар зиёд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз рӯи 5 ихтисос- «Психологияи тиббӣ», «Кори табобатӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Стоматология» ва «Фармасевтӣ» дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ омода менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?