ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Қатар бозиҳои тамринӣ мегузаронад

Февраль 23, 2024 15:00

 ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳи март пеш аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Арабистони Саудӣ дар шаҳри Давҳа ҷамъомади даҳрӯза анҷом медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Тоҷикистон аз 9 то 18 март дар Қатар тамрин менамояд.  Бегоҳи 18 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ ба Риёз меравад.  Ин вохӯрӣ 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе баргашта, дар майдонаш бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин бозӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ